МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯВИИ ҶАЛБИ САРМОЯИ ХОРИҶӢ БА ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ
Дар мақолаи мазкур асосҳои назариявии ҷалби сармояи хориҷӣ аз нуқтаи назари муайяннамоии омилҳои таъсиррасон дида баромада шудааст. Ақидаҳои олимони ватанӣ ва хориҷӣ оид ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва равона намудани онҳо ба соҳаҳои калидии иқтисодиёти миллӣ, ки фаъолияти инноватсионӣ доранд, омӯхта шудааст. Вобаста ба ин, сатҳи таъсири омилҳои таъсиррасон ба ҷараёни ҷалби сармояи хориҷӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар натиҷаи таҳлили назариявӣ ва амалии гузаронидашуда пешниҳод мегардад, ки дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва бошиддат тағйирёбии вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳонӣ сафарбар намудани сармояи мустақими хориҷӣ ба он соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иқтидори баланд доранд, аз ҷумла: саноати коркард, саноати истихроҷ, хусусан корхонаҳои саноатии кишвар ба мақсад мувофиқ мебошад
Сведения
- Журнал
- Economy of Tajikistan
- Опубликовано
- 2026 · Т. 1, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2310-3957
- Издатель
- Институт экономики и демографии Национальной академии наук Таджикистана