МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА АМАЛИИ ҶАҲОНИШАВӢ
Дар ин мақола ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии ҷаҳонишавӣ , ки ҳамчун як раванди гуногунҷанба ва объективӣ ба назар расида, тамоми соҳаҳои ҳаёти инсониятро фаро мегирад, баррасӣ карда мешавад. Муаллиф таъкид мекунад, ки ҷаҳонишавӣ боиси ташаккули ҷомеаи ягонаи ҷаҳонӣ мегардад, яъне интегратсияи фарҳангҳои маҳаллӣ ба амал омада, тамаддуни ҷудонашавандаи сайёра, ба ҳам пайвастани ҳама чиз, паҳлўҳои гуногуни ҳаёти мардуми қитъаҳои гуногун, дар кишварҳои гуногун ва дар байни халқҳои гуногун ба ҳам вобастагӣ пайдо мекунанд, ягонагии меъёру стандартҳо, дар ҳама соҳаҳо, аз иқтисод то фарҳанг, наздикшавӣ ба принсипҳои умумиҷахонӣ, озодӣ ва ошкорбаёнӣ ба амал меояд, Қайд карда мешавад, ки нақши асосиро дар равандҳои ҷаҳонишавӣ худи инсон мебозад. Ба фаъолияти меҳнатӣ, ки ба системаи серсоҳаи иқтисодӣ табдил меёбад, диққати махсус дода мешавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 4.1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет