МАСЪАЛАҲОИ МАТНШИНОСИИ ЯК ҲИКОЯТИ “БӮСТОН”
Як ҳикояти “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ (асри XIII) дар асоси даҳ нусха: нашрҳои эронӣ, аз ҷумла нашрҳои Ғуломҳусайни Юсуфӣ, Ҳамидризои Маҷидободӣ, Муҳаммадалии Фурӯғӣ ва нашрҳои тоҷикӣ ба монанди Садриддин Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Абдуманнони Насриддин ва ғайраҳо бо ҳам муқоисаю муқобила карда шудаанд. Бояд зикр кард, ки дар 22 байти мавҷудбудаи ҳикояти мазкур танҳо дар понздаҳ байт ихтилофот пайдо гардида, дар абѐти дуюм, чорум, даҳум, ѐздаҳум, сенздаҳум, чордаҳум ва ҳаждаҳум дигаргуние ба назар нарасид. Баъд аз муқоисаи нусхаҳо маълум гардид, ки бо вуҷуди дар баъзеи байтҳо ихтилофот мавҷуд будан, мазмуну мақсади асосии ҳикоят халал наѐфтааст ва нашрҳои эронии Ғуломҳусайни Юсуфӣ, Муҳаммадалии Фурӯғӣ, Муҳаммад Хазоилӣ, Ҳамидризои Маҷидободӣ, инчунин нашри тоҷикии Абдуманнони Насриддин нисбати дигар нашрҳо боэътимодтаранд, зеро онҳо дар асоси нусхаҳои хаттӣ интишор гардидаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 2 (87)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП