Central AsianResearch Index

МАСЪАЛАҲОИ ДАРОМАДНОКИИ САРМОЯ ВА ОМИЛҲОИ ТАЪСИРБАХШИ ОН ДАР ТАШКИЛОТҲОИ МОЛИЯВИЮ ҚАРЗИИ КИШВАР

Амалисозии ҳадафҳо ва ҳалли масъалаҳои мубрами рушди ичтимоию иқтисодии кишвар беҷалби сармояи дохилию қарзӣ ғайриимкон аст. Бинобар ин дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ», ки 28.12.2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардид, қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллии рушд муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ , барои ҷалби сармоя ва сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷўи хоҳад намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки андешидани чораҳои зарурии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷалби сармоя ва сармоягузории дохилию хориҷӣ, ҳаҷми сармояи хориҷӣ (маблағгузории хориҷӣ) ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар рушд ва афзоиш ёфта истодааст. Инак дар 7 соли охир ба маблағи беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардид, ки аз он зиёда аз 30 миллиард сомонӣ он сармояи мустақим мебошад. Соли 2023 барои ташкили истеҳсолоти нави саноатӣ, васеъкардани фондҳои асосии истеҳсолӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва маблағи корхонаҳо зиёда аз 7 миллиард сономӣ равона гардид, ки он нисбати соли 2022 1,5 баробар зиёд мебошад. Бояд қайд кард, ки бо баробари сармоягузории давлатӣ, инчунин сармоя ва сармоягузории ташкилотҳои молиявию қарзӣ (низоми бонкӣ) дар рушди ичтимоию иқтисодии кишвар нақши муҳим мебозад, ки он давра ба давра афзоиш ёфта истодааст. Ин албата, хуб мебошад, вале аз ҳама мўҳимаш таъмин намудан ва зиёд кардани сатҳи даромаднокии сармоя дар низоми бонкӣ мебошад.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 3 (42)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет