МАСЪАЛАҲОИ БЕХАТАРИИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКҲО ДАР ДАВРАИ ГУЗАРИШ БА ПАРДОХТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ
Қайд кардан зарур аст, ки айни замон накши технологияҳои муосир дар сатҳи низоми бонкӣ ва рушди иқтисодиёти миллӣ муҳим ва зарурӣ буда рӯз аз рӯз ба ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавд. Ҳамзамон бо ин қайд кардан ба маврид аст, ки бо баробари афзоиш ёфтани мавқеи технологияҳои рақамӣ дар сатҳи низоми бонкӣ то ҳамон андоза масъалаи таъмини бехатарии онҳо аҳамияти бештар пайдо менамояд. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки технологияҳои ҳозиразамоне, ки ба воситаи онҳо пардохтҳои жэлектронӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақӣ минбаъд тақвият дода мешванд ҳамчун ҳадафи асосӣ ва аввалиндараҷа бошад. Аз ин лиҳоз зарурияти тақвияти рушди хизматрасониҳои бонкӣ ва дар заминаи ин таъмини бехатарии амнияти бонкӣ шарти зарурӣ ва асосии мо мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 2 (41)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет