Central AsianResearch Index

МАСЪАЛАҲОИ АКТУАЛИИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ҚАРЗИИ НИЗОМИ БОНКӢ

Хизматрасонии қарзї яке аз хизматрасониҳои муҳими фаъолияти бонкҳо дар шароити имрӯза ба ҳисоб рафта, дар таъмини сатҳи даромади бонкҳо мавқеи асосӣ дорад. Имрӯз дар низоми бонкӣ қисми зиёди даромади бонкҳои тиҷоратиро амалиёти қарзӣ ташкил медиҳад. Вобаста ба зарурати ин масъала муаллиф дар доираи имкониятҳои мавҷуда низоми қарзию бонкиро тањлил намуда, њамин тавр, як қатор таҳлилҳои соҳавиро ба роҳ мондааст. Ғайр аз ин, қайд кардан ба маврид аст, ки дар мақолаи мазкур таҳлили сандуқи қарзии низоми бонкӣ , ҳолати сандуқи қарзӣ, нишондиҳандаҳои сохтории низоми қарздиҳӣ ба соҳаҳои гуногун, таҳлили нишондиҳандаҳои устувории низоми бонкӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудаанд. Ҳамзамон, дар доираи чунин таҳлилҳо масъалаҳои муҳимтарин хизматрасонии қарзии низоми бонкӣ таҳлил гардида, мушкилот ва бартариятҳои дар ин самт ҷойдошта пешниҳод гардидаанд.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 4.2 (34)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет