МАСЪАЛАҲОИ АКТУАЛИИ БАҲОДИҲИИ ҲОЛАТ ВА ДАСТРАСӢ БА ҚАРЗДИҲИИ ХУРД БА ДЕҲОТ
Дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои нави иқтисодӣ қарздиҳии хурд яке аз механизмњои асосӣ ва самараноки рушди бахши хурди воқеии иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, тавассути он манбаъҳои коркарднашуда такмил дода мешаванд. Мувофиқи шароити иҷтимоии аҳолӣ ва имкониятҳои иқтисодии онҳо қарздиҳии хурд аз ҳама шакли маъмули хизматрасонӣ дар байни ҷомеа маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, қайд кардан зарур аст, ки бо зарурати ин масъалаи муҳим муаллифон ба як қатор нишондиҳандаҳои муҳиме, ки талаботи субъектҳои гуногуни иқтисодиро ба қарздиҳии хурд мушаххас менамояд, таҳқиқ гардидааст. Аз ин лиҳоз, муаллифон дар мақолаи мазкур ба як қатор масъалаҳое, ки баҳодиҳии ҳолат ва дастрасӣ ба қарздиҳии хурди деҳотро инъикос менамоянд, таҳқиқоти илмӣ анҷом гардида, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 4.2 (34)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет