Central AsianResearch Index

МАРКЕТИНГИ ИҶТИМОӢ: ТАҲЛИЛ ВА МУШКИЛОТИ МУОСИРИ ТАШАККУЛ

Дар замони муосири инкишофи иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки марҳилаи ташаккул ва рушди низоми иқтисоди бозорӣ хос аст, таваҷҷӯҳ ба маркетинг рӯз аз рӯз меафзояд. Масоили маркетинги иҷтимоӣ самти муҳимми фаъолияти маркетингӣ баррасӣ шудааст. Имкониятҳои арзёбӣ ва таҳлили самаранокии муносибатҳои иҷтимоии бозорӣ ва ғайрибозорӣ баррасӣ гардида, низоми нишондиҳандаҳо ба вуҷуд оварда шудаанд, тавсифи амории онҳо пешниҳод гардидааст. Самаранокии иҷтимоӣ дар қонеъ гардонидани талаботи бозорҳои мақсаднок бо назардошти ҳифзи захираҳои инсонӣ, моддӣ, энергетикӣ ва захираҳои дигар, ҳифзи муҳити зист ифода меёбад. Маркетинги иҷтимоӣ ягона ғояи маркетингиест, ки дар худ имконияти ҳамоҳангсозии манфиатҳои шахсӣ, коллективӣ ва ҷамъиятиро таҷассум месозад.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 4 (93)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП