МАРҲИЛАИ ТАШАББУСКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН
Ташаббукории байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун марҳилаи муҳимми рушди сиёсати хориҷии кишвар мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шудааст. Вобаста ба тамоюли ташаккул ва рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои кишвар дар даҳаҳои охир давраи рушди босубот ҳамчун марҳилаи ташаббусгарии байналмилалии Тоҷикистон баҳогузорӣ карда шудааст. Дар заминаи баррасии марҳилаҳои ташаккул ва рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон хосияти динамикии он ошкор гардидааст. Дар мақола дидгоҳи муҳаққиқони ватанӣ оид ба ташаббусгарии байналмилалии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтаанд. Дар замони рушди босуботи Тоҷикистон ташаббусгарии байналмилалии кишвар ҳамчун объекти муҳимми таҳлили муҳаққиқони сиёсати хориҷӣ баромад намудааст. Таҳқиқоти нигаронидашуда ба ин давраи рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон ғолибан мавзуи ташаббусгарии байналмилалии кишварро мавриди баҳогузорӣ қарор додаанд ва онро ҳамчун дастоварди арзишманди дипломатияи тоҷик шинохтаанд. Ба андешаи муаллиф ташаббускории байналмилалӣ ҳамчун марҳилаи муҳим дар сиёсати хориҷӣ Тоҷикистонро ба як субъекти фаъоли сатҳи байналмилалӣ табдил додааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 98, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП