Central AsianResearch Index

МАРҲИЛАҲОИ ТАШАККУЁБИИ НИЗОМИ МОЛИЯВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ташаккули бозори молиявӣ мубрамтарин масъала ҷиҳати рушди иқтисодӣмолиявии кишвар маҳсуб меёбад. Бинобар ин, ташаккул ва густариши он нуқтаи калидӣ арзёбӣ мегардад. Дар мақолаи мазкур, муаллиф иброз доштааст, ки гузариш ба 177 марҳилаи нав, бо амалинамоии маҷмӯи дигаргунсозиҳои бозорӣ, ки аз як тараф шикаст ва аз байн бурдани усулҳои қаблии танзими иқтисод ва аз тарафи дигар таъсиси ниҳодҳои нави бозорӣ ва дигаргуннамоии фаъолияти қаблии субъектҳои фаъолияткунандаро талаб менамояд, барои кишвари мо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ба андешаи муаллиф, дар рафти гузариши иқтисодиёт аз як шароит ба шароити дигар, дигаргунсозии қатъии низоми ичтимоӣ-иқтисодӣ ба вуқӯъ омада, ҳуқуқҳои моликият, институтҳо ва абзорҳои идоранамоӣ, ҳадаф ва воситаҳои рушди иқтисодӣ куллан тағийр хоҳанд ёфт.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 2.1 (31)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет