МАРҲИЛАҲОИ РУШДИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА МАВҚЕИ ОН МИЁНИ ДИГАР ВАСОИТИ АХБОРИ ОММА
Дар мақола нахуст сухан бобати пайдоиши соҳаи журналистика меравад, зеро барои он ки нақши телевизион дар рушди афкори мардум ба дурустӣ дарк карда шавад, зарур аст, ки дар бораи ба вуҷуд омадани аввалин хабар ва василаи расонидани он ба мардум марҳила ба марҳила маълумот пешниҳод карда шавад. Муаллиф сайъ кардааст, то ки мавқеъи телевизионро миёни дигар васоити ахбори умум бузургу намоён нишон диҳад ва далелу истиноде, ки аз олимони соҳа пеш овардааст, даст додааст, телевизионро миёни дигар воситаҳои хабаррасонӣ ба хубӣ нишон диҳад. Ҳамчунин дар мақола роҷеъ ба фаъолияти таҳиягарони касбӣ ва ғайрикасбии барномаҳои телевизионӣ сухан рафтааст. Лозим ба зикр аст, ки бо овардани андешаву далели муҳақиқони соҳа ва назари шахсӣ яке аз сабабҳои костагии мазмуни барномаҳои телевизионӣ ва кам гаштани аудиторияи он, паст будани сатҳи дониши касбӣ ва нокифоя будани маълумоти соҳавии муаллифони барномаҳои телевизионӣ дониста мешавад. Пешниҳоди муаллиф дар самти ҷоннок гардонидани такмили ихтисос миёни таҳиягарони барномаҳои телевизионӣ ва мукаммалгардонии донишҳои соҳавии онҳо қобили қабул ва ҷонибдорист.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4 (117)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни