Central AsianResearch Index

МАРҲИЛАҲОИ АСОСИИ ТАЪРИХИ АФКОРИ ИҚТИСОДИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Дар мақолаи мазкур таҳқиқот оид ба афкори иқтисодии халқи тоҷик, ки таърихи чандинҳазорсола дорад ва дар раванди ташаккули тамаддуни миллӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ саҳми арзанда гузоштааст, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Мақола фарогири афкори иқтисодии ниёгонро аз “Авасто”, “Таврот”, “Инҷил”, “Қуръон”, ақидаҳои хоҷагидории оқилонаи Ал-Форобӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Унсурулмаолии Кайковус, Саъдии Шерозӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Кошифӣ, Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнӣ мебошад. Қайд карда мешавад, ки ташаккули илми иқтисод дар Тоҷикистон, афкори иқтисодӣ аз шакли панду ахлоқӣ ба шакли илмии академӣ мегузарад. Саҳми олимони тоҷик – академик Нарзиқулов Ибодулло Қосимович, Раҳимов Рашид Каримович, Саидмуродов Ҳабибулло Муродович, Қаюмов Нуриддин Қаюмович, Назаров Талбак Назарович ва дигарон дар рушди илми иқтисод хеле назаррас аст. Дар қатори ин олимони бузург иқтисодчиёни варзидаи тоҷик, аз қабили Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Шариф Раҳимзода, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Мирсаидов Аброр Бобоевич ва дигарон низ дар таҳқиқи раванди иқтисодӣ ва роҳҳои рушди устувор корҳои арзанда анҷом додаанд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 1, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2310-3957
Издатель
Институт экономики и демографии Национальной академии наук Таджикистана