Central AsianResearch Index

МАРҲАЛАИ ДУВУМИ ИНҚИЛОБИ САВР

Муаллиф дар ибтидои мақола оид ба сабабҳо ва омилҳои рух додани инқилоб ё ба ибораи дигар табаддулоти ҳарбӣ дар Афғонистон 27уми апрели соли 1978, ки бо номи Инқилоби Савр дар солҳои 80ум ва аввали 90ум маълуму машҳур гашта буд, маълумот додааст. Ӯ ба таври муфассал рӯйи масъалаи пирӯзии марҳалаи дувуми ин инқилоб , ки аз 27уми декабри соли 1979 оғоз гардида, бо аз байн рафтани ҳукумати қаблӣ бо сарварии Ҳафизуллоҳ Амин ва ба сари қудрат омадани ҳукумати нав таҳти сарварии Бабрак Кормал ва ворид шудани Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон ба охир мерасад, муфассал сухан рондааст. Дар мақола, нақши Бюрои Сиёсии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таҳти Раёсати Л. И. Брежнев дар ташкили марҳалаи дувуми Инқилоби Савр , ба сари қудрат овардани Бабрак Кормал бо далелҳо нишон дода шудааст. Ҳамзамон дар амалиёти ҳарбӣ оид ба аз байн бурдани Ҳафизуллоҳ Амин ва ба тасарруф даровардани мақарри ӯ нақши баталиони «мусалмонӣ» и Вазорати мудофиаи ИҶШС ва гурӯҳи «Зенит» и КГБ ба таври ҷолиб инъикос гардидааст. Ташкили давлати ҷадиди дастнишондаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва аъзои он баъд аз пирӯзии марҳалаи дувум, аз масъалаҳои дигарест, ки муаллиф ба он таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Дар мақола теъдоди умумии шаҳрвандони Шӯравӣ, аз ҷумла, шаҳрвандони Љумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин ҷанг ҷонҳои ширини худро аз даст додаанд, миқдори беному нишон гаштагон ва захмиҳо бо арқоми нисбатан дақиқ бо далелҳои мушаххас оварда шудааст. Муаллифи мавод ҳамзамон оид ба фаъолияти неруҳои НАТО бо сардории Америка тайи наздик ба 20 сол ва миссияи нобарори ин давлати абарқудрати ҷаҳон дар ин минтақа низ маълумоти қобили таваҷҷуҳ медиҳад.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2023 · № 1 (33)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА