Central AsianResearch Index

МАРҲАЛАҲОИ ИЛМИ СОТСИОЛОГИЯ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Барои дарк намудани моҳият, сохтор ва вазифаҳои илми сотсиология пеш аз ҳама муайян намудани объект ва предмети омӯзиши он зарур аст. Объект чизест, ки ба он раванди дониш равона шудааст. Предмет бошад ин он паҳлӯҳо, алоқаҳо ва муносибатҳои объект ҳастанд, ки мавриди омӯзиш қарор доранд. Объекти сотсиология дар маънои васеъ ин тамоми ҷомеа ҳамчун низоми том ва ягона мебошад, аммо ҷомеа натанҳо объекти сотсиология ҳаст, балки метавонад объекти дигар илмҳои ҷомеашиносӣ, мисли сиёсатшиносӣ , фарҳангшиносӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқ, таърих ва ғайра низ бошад. Аз ин гуфтаҳо саволе ба миён меояд, ки пас фарқ байни сотсиология ва дигар илмҳо дар чист? Он чизе, ки ин илмҳоро аз якдигар фарқ мекунад, ин предмети омӯзиши онҳо мебошад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан