Central AsianResearch Index

МАЪНОИИ КАЛИМАИ “ТОЗЇ” ДАР “ШОЊНОМА”-И ФИРДАВСЇ

Дар -Шоҳнома‖-и Фирдавсӣ калимаи -тозӣ‖ ба се маъно корбаст шудааст: чун сифтаи феълӣ аз масдари -Тохтан‖ ба маънои -тозанда‖, чун сифат ба маънои зоти махсуси асб: ва чун этноним ба маънои -бадавӣ‖, -саҳронишин‖. Баъзе ҷанбаҳои этималогияи калимаи тоҷик низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Баромади вожаи -тоҷик‖ аз номи қабилаи арабии -той‖ ва ҳамрешаи калиаи -тоҷ‖ будани вожаи -тоҷик‖ бо далелҳои қотеъ рад карда шудааст. Мулоҳиза дар бораи аз калимаи -да‖- ши‖- и хитоӣ ба маънои -да-дур‖ ва -ши-ғарб‖ гирифта шудани вожаи -тоҷик‖ ҳарчанд бе поя ба назар намерасад, вале далелҳои бештареро тақозо мекунад. Дар мақола таъкид гардидааст, ки дар баъзе мавридҳо дар -Шоҳнома‖ калимаи -тозӣ‖ наметавонад маънои -араб‖-ро дошта бошад. Дар бахшҳои ба истилоҳ асотирии -Шоҳнома‖ Афросиѐб бо -лашкари тозиѐн‖ набард мекунад ва онҳоро шикаст медиҳад. Дар ин ҷо сухан дар бораи рӯйдодҳои пеш аз давраи Ҳахоманишиѐн меравад, ки дар зеҳни халқҳои эронӣ боқӣ мондаанд. Афросиѐб подшоҳест, ки ҳаргиз бо арабҳо ба набард ворид шуда наметавонист, зеро барои арабҳо ҷангидан ӯ бояд Эроншаҳри таърихиро забт мекард. Бино ба шаҳодати сарчашмаҳо арабҳо дар каронаҳои соҳили чапи дарѐи Фурот бодиянишинӣ мекарданд. Ҳадс зада шудааст, ки дар ин маврид сухан дар бораи тоҷиконе меравад, ки дар паҳнои шимолу ғарби Сирдарѐ маскун буданд. Мисоли дигар ба фаслҳои таърихии -Шоҳнома‖, ба давраи подшоҳии Хусрави Анӯшервон мансуб аст. Тозие дар минтақаи Гургон ба шоҳаншоҳ аз ғоратгарии туркон шикоят мекунад. Ин марди тозӣ низ араб буда наметавонад, зеро дар охири асри V ба арабҳо дар поѐноби Фурот ноҳияе ба чаронидани чорво вогузор шуда буду бас.

Сведения

Опубликовано
2020 · № 3 (84)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП