Central AsianResearch Index

МАЪНОИ НАВИ ВОЖАҲОИ КУҲНА

Мақсади мақола баррасӣ намудани як гурӯҳ вожаҳои сермаъноест, ки дар забонҳои муосири тоҷикӣ ва ӯзбекӣ фаровон истифода мешаванд, вале дар ҳар кадоми онҳои тобишҳои маъноии гуногун ба худ гирифтаанд. Чанде аз чунин унсурҳо чун мисол таҳлил шудаанд: ватанпарвар (ватандӯст), даҳа (даҳрӯза, даҳсола, маҳалла, микроноҳия), мумтоз (классикӣ, аъло, олӣ, зубда, баргузида), оромгоҳ (истироҳатгоҳ, фароғатгоҳ, қабр, қабристон), сиҳатгоҳ (санатория, ҷои истироҳат, осоишгоҳ), тадбир (чорабинӣ), тадбиркор(соҳибкор), талаба (хонанда, шогирд, донишҷӯ), ходим (корманд, хидматгор, коргар, ҳамкор, коргар), хона (хона, ҳуҷра, кабинет), хонанда (донишҷӯ, сароянда, ҳофиз). Ба исбот расидааст, ки таркиби лугавии забонҳои зинда вижагиҳои замонӣ доранд, зеро вожахои чудогонаи онҳо вобаста ба вазъи имруза ва шароити ба вучуд омадаи мухити ичтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ба тағйироти маъноӣ, шаклӣ ва сохторӣ дучор меоянд ё ба куллӣ табдил меёбанд, ки ин раванди табиии инкишофи тамоми забонҳост.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 101, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП