Central AsianResearch Index

МАНБАЪҲОИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГИИ ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИК

Мақолаи мазкур ба таҳлили таърихи тӯлонӣ ва анъанаҳои дипломатияи тоҷик, аз замонҳои қадим то давраи муосир, ва нақши асарҳои таърихӣ ва сарчашмаҳои муътамади тоҷику форс дар ташаккули сиёсати хориҷии миллӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шудааст. Дипломатияи тоҷик, ки дорои таърихи тӯлонӣ ва анъанаҳои арзишманд аст, ҳамеша ҳамчун воситаи муҳими ҳалли масъалаҳои сиёсӣ хидмат намудааст. Таҷрибаи ғании гузашта имрӯз низ дар ташаккули сиёсати хориҷии миллӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ нақши муассир дорад. Муаллифон асарҳои таърихӣ ва фарҳангии тоҷику форс, аз ҷумла « Шоҳнома », « Сиёсатнома » ва «Таърихи Масъудӣ»-ро ҳамчун манбаи арзишманд барои омӯзиши анъанаҳо ва механизмҳои дипломатӣ арзёбӣ мекунанд. Дар мақола таъкид мегардад, ки дипломатияи тоҷик дорои таҷрибаи бой, ҳунари кордонии сафирон, малакаи музокира, эҳтироми анъанаҳои фарҳангӣ ва риояи адолат буда, ин анъанаҳо имрӯз низ дар шаклҳои муосири муносибатҳои байналмилалӣ таъсири муассир доранд. Омӯзиши ин таҷриба имконият медиҳад, ки роҳу равишҳои дипломатӣ, усулҳо ва шаклҳои муосири муносибатҳои хориҷӣ бо такя ба анъанаҳои гузашта таҳия ва амалӣ гарданд, ки ин ба таҳкими давлатдории миллӣ ва болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан