Central AsianResearch Index

МАЪМУРИКУНОНИИ АНДОЗ АСОСИ ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ АНДОЗБАНДИИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА

Дар мақола шароитҳои амалкунандаи институтсионалии андоз нисбат ба бахши воқеии иқтисоди миллӣ дар шароити муосир дар робита ба маъмурикунонӣ мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Дар он муаллиф кўшиш ба харҷ додааст, ки низоми маъмурикунонии андоз ҳамчун фишанги муҳими танзими низоми андозӣ ва робита ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ аз ҳисоби васеъ ба роҳ мондани чорабиниҳои ташкилию иқтисодӣ , маъмурӣ, фароҳам овардани шароити муфид барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна ҳамчун заминаи татбиқи низоми институтсионалӣ сафарбар карда шавад. Дар раванди таҳқиқ маълум мегардад, ки дар шароити ба таври динамикӣ тағйирёбии муҳити беруна, таъмин намудани раванди мунтазами механизми маъмурикунонии андоз дар рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, дастгирии фаъолияти иқтисодӣ, фаъол гардонидани онҳо дар шароити рақамикунонии ин раванд мусоидат менамояд. Бинобар ҳамин, низоми қоидаҳо ва вазифаҳои асосии маъмурикунонии андоз дар таъмини танзими низоми андозбандии субъектҳои соҳибкорӣ ҳамчун низоми характери комплексӣ дошта бо ҷанбаҳои назариявию методологии муносибатҳои андозӣ ва маъмурикунонии андоз аз тариқи риоя намудани манфиатҳои андозӣ, асоснокгардонии амалиёт, эътирофи ягонагӣ ва таъмини самаранокии интихоби усулҳои муфид пешниҳод гардонида шудааст. Қайд мегардад, ки дар низоми институтсионалӣ усулҳои гуногуни таъмини самаранокии санҷишҳои андозӣ дар доираи маъмурикунонӣ ҷой дорад ва дар робита ба истифодаи санадҳои меъёрии назорати андоз, ҷамъоварӣ, таҳлил ва дурнамои фаъолияти институтсионалиро аз ҳисоби муфидгардонии маъмурикунонӣ таъмин намудан лозим меояд. Ин барои баҳодиҳии низоми маъмурикунонии андоз аз ҳисоби муфид ба роҳ мондани натиҷаҳои корҳои назоратӣ, ҳисоббаробаркунии бақияпулиҳои андоз, ба ҳисоб гирифтани теъдоди субъектҳои ғайрифаъол ва ба инобат гирифтани онҳо таъсирбахш ба шумор мераванд.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4.1 (38)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет