Central AsianResearch Index

МАЪЛУМОТИ ТАЗКИРАҲО ДАР БОРАИ АҲМАДИ ДОНИШ

Маълумоти тазкираҳои охири асри Х1Х – ибтидои асри ХХ перомуни рӯзгор ва осори Аҳмади Дониш мавриди муқоиса ва тавзеҳ қарор гирифтааст. Дар заминаи таҳқиқи даҳ тазкирае, ки дар ин давра навишта шудаанд-«Туҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳоб»-и Раҳматуллоҳи Возеҳ , тазкираҳои Мирсиддиқхони Ҳашмат , «Тазкори ашъор»-и Шарифҷон-махдуми Садри Зиё , «Тазкират-уш-шуаро»-и Абдулазими Шаръӣ , «Афзал-ут-тазкор фӣ зикр-и-ш-шуарои ва-л-ашъор»-и Афзал-махдуми Пирмастӣ , “Тазкираи Фаҳмӣ ” –и Абдулмутталибхоҷаи Фаҳмӣ , «Тазкират-уш-шуарои мутааххирин»-и Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ , «Тазкират-уш-шуаро»-и Муҳтарам , “Тазкират-ул-хаттотин”-и Идрисхоҷаи Роҷӣ ва «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ натиҷаиҷабардорӣ шудааст, ки дар нуҳ сарчашма дар бораи Аҳмади Дониш маълумот мавҷуд аст. Ин маълумот аз назари муҳтаво ва ҳаҷм аз ҳамдигар тафовут дорад. Муқоисаи ахбори сарчашмаҳо ошкор кард, ки «Тазкират-уш-шуаро»-и Шаръӣ , «Тазкират-уш-шуаро»-и Муҳтарам ва «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё маълумоти бештарро манзур намудааст. Дар тазкираи Абдӣ маълумот хеле мухтасар аст. Дар тазкираи Фаҳмӣ , ки нотамом аст, маълумот оварда нашудааст. Яке аз муҳимтарин сарчашмаҳое, ки дар бораи Аҳмади Дониш ҳам аз назари ҳунару истеъдод ва ҳам аз назари бедории фикрӣ маълумот додааст, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ мебошад. Инчунин дар бораи ихтилофи маълумот оид ба номи Аҳмади Дониш , исми падари ӯ, ашъоре, ки ба ӯ мансуб донистаанд ва масъалаи бедории фикрии ӯ изҳори назар шудааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · Т. 104, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП