МАКТУБҲОИ МУНАҚҚИД СОҲИБ ТАБАРОВ БА ШОИР САИДҶОН ҲАКИМЗОДА
Дар мақола мактубҳои адабиётшинос ва мунаққиди барҷастаи тоҷик С.Ш. Табаров (1924-2015) ба шоир Саидҷон Ҳакимзода (1939-2004) бо овардани далоили эътимодбахш ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Муаллиф зикр менамояд, ки адабиёти эпистолярӣ аз дурахшонтарин саҳифаҳои адабиёти бостонзамон, асримиёнагӣ ва муосири мардуми тоҷику форс ба шумор рафта, дар нимаи дуюми асри XX нисбат ба дигар давраҳои таърихӣ аҳамияти иҷтимоӣ ва ҳунарӣ касб кардааст. Таҳлилу таҳқиқи илмии фаъолияти номанигории адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик С.Табаров дар адабиёти давраи нави тоҷик аз ҳар ҷиҳат муҳим ва бағоят арзишманд ба ҳисоб меравад. Номанигории С.Табаров дар мисоли мукотибаи ӯ бо шоири муосири тоҷик Саидҷон Ҳакимзода низ ин анъанаи адабиёти моро идома бахшида, муҷиби ғановати адабиёти эпистолярии тоҷик мегардад. Мунаққид С.Табаров бо мукотибаҳои худ ҳамеша ба ҷасорат ва маҳорати адабии ҷавоншоирони солҳои 50 60-уми асри XX, аз ҷумла С. Ҳакимзода мусоидат менамуд. Мактубҳои С.Табаров (11.03.1968, 12.04.1968, 28.05.1969, 04.08.1990), ки дар бойгонии шоир С. Ҳакимзода ҳамчун рамзи садоқат ва вафодории як шахсияти фарҳехтаи миллат маҳфузанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин мунаққид ба ашъори шоир С.Ҳакимзода таваҷҷуҳ ва ба худи ӯ эҳтироми хосса доштааст. Муҳиммияти мақола дар он зоҳир мегардад, ки муаллиф тавонистааст бобати андешаҳои ихлосмандона ва боэътимоди мунаққид С.Табаров нисбат ба шоир Саидҷон Ҳакимзода ва вижагиҳои ашъори ӯ зимни мукотибаҳои босамар мулоҳизаронӣ намуда, таҳлили мухтасари мактубҳои ин мунаққидро ҳамчун намуна оварад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 3 (116)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни