Central AsianResearch Index

МАКНУНА – ДУРРЕ МАКНУН ДАР БАҲРИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС

Дар мақола сухан дар бораи доираи адабии Хуқанд, ки яке аз ҳавзаҳои пурқуввати се хонигарӣ – Аморати Бухоро, хонигарии Хуқанд ва Хеваи нимаи дуюми асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX маҳсуб меёфт, меравад. Шоирони ин муҳити адабӣ асосан дузабона буда, бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър мегуфтанд. Мавзуи асосии мақола ҳаёт ва эҷодиёти яке аз шоираҳои хушзавқу босалиқаи ин доираи адабӣ – Моҳларойим, ки бо тахаллусҳои Макнуна , Нодира ва Комила шеър гуфтааст, мебошад. Ҷараёни зиндагии шоираи мавсуф ниҳоят рангину ибратбахш гузашта, дар интиҳои умр мутаассифона шарбати маргро тариқи қатли бераҳмона чашидааст. Ашъори шоираи шаҳир ҳам аз ҷиҳати мазмуну ғоя ва ҳам бо истифодаи тахассусмандона аз санъатҳои бадеӣ тавассути табъи равону завқи баланди суханофарӣ рӯи коғаз чакидаанд. Макнуна ҳолоти равонию ақлонии хешро дар саросари ашъораш хеле дилнишин, ҷаззоб, маънидор ва муассир ба риштаи тасвир кашидааст. Навиштаҳояш, ки фарогири афкору тахайюлоти овони ҷавонӣ то дами пирӣ ҳастанд, ҳам шарму содагии навҷавонӣ, ҳам ошӯбу ҳаяҷони даврони камолот ва ҳам таҳаммулпазирию хирадсолории рӯзгори сипаригардидаашро дар бар гирифтаанд. Ғазалиёти ӯ саросар аз шӯру шавқи рӯҳангез, ишқу муҳаббати поку беолоиш ва умеду орзуҳои ширину ҷонбахш офарида шуда, дар ашъораш масъалаҳои иҷтимоӣ низ мавқеи муҳим доранд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни