Central AsianResearch Index

МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ СИНФИ МИЁНА ДАР НИЗОМИ ТАБАҚАБАНДИИ ИҶТИМОӢ

Дар мақолаи мазкур мафҳум ва моҳияти синфи миёна дар ҷомеаи муосир баррасӣ мегардад. Муаллифи мақола қайд мекунад, ки дар ҷамъиятҳои начандон тараққикарда тақсимоти табақавии одамон аз рӯйи даромади иқтисодӣ шакли аҳромро ба хотир меорад, зеро « қишрҳои болоӣ » аз рӯйи шумора нисбат ба «қишри поёнӣ» ақаллиятро ташкил медиҳанд. Дар ҷомеаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда бошад, тақсимоти табақавӣ бештар шакли риёз (ромб)-ро доранд, зеро гурӯҳҳои иҷтимоии дар низоми табақабандӣ мавқеи мобайнӣ дошта, нисбат ба қишрҳои болоӣ ва поёнии ҷамъият аксариятро ташкил медиҳанд. Ба андешаи муаллиф мафҳуми « синфи миёна » ба ҷумлаи категорияҳои баҳсангезу шарҳи ягона надоштаи табақабандии иҷтимоӣ дохил мешавад. Аз таҳлили гузаронида, муаллиф ба хулосае меояд, ки синфи миёна тадриҷан мафҳуми оммавӣ мегардад. Аксарияти муаллифон (махсусан, хориҷӣ) суботи ҷомеаро бо синфи миёна алоқаманд мекунанд. Аз ин лиҳоз, вазифаи асосии синфи миёна - суботофаринӣ маҳсуб мешавад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан