МАҚОМИ «МУХТОРНОМА»-И АТТОРИ НИШОПУРӢ ДАР АДАБИЁТИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ
Дар мақолаи мазкур мақоми маҷмӯаи рубоиёти « Мухторнома »-и Фаридуддин Аттори Нишопурӣ дар адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф ба омӯзиши рубоӣ ҳамчун қолаби муҳими шеърӣ, вижагиҳои ирфонӣ ва фалсафии рубоиёти Аттор, инчунин ҷанбаҳои забонӣ ва сабкии ин асар таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Дар мақола нишон дода мешавад, ки « Мухторнома » яке аз нахустин намунаҳои гирдоварӣ ва танзими рубоиёт дар шакли маҷмӯаи мустақил буда, дар рушди жанри рубоӣ саҳми назаррас дорад. Ҳамзамон, масъалаи нисбати бархе аз рубоиёт ба Хайёми Нишопурӣ баррасӣ гардида, аҳаммияти « Мухторнома » дар таҳқиқоти хайёмшиносӣ таъкид мешавад. Натиҷаҳои таҳқиқ собит месозанд, ки ин асар аз лиҳози мазмун, сабк ва арзиши ирфонӣ мақоми вижа дошта, омӯзиши минбаъдаи он барои таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аҳаммияти илмӣ дорад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан