Central AsianResearch Index

МАҚОМИ МЕТОДОЛОГИИ ИҚТИБОС ВА ИСТИНОД ДАР НИЗОМИ ИЛМҲОИ ИҶТИМОӢ

Иқтибос ва истинод унсурҳои ҳатмии дастгоҳи илмии таҳқиқотро ташкил медиҳанд. Сатҳу сифати кори илмӣ аз корбурди онҳо вобастагии зиёд дорад. Тули солҳои охир омилҳои гуногун ба фарҳанги иқтибосоварии олимону муҳаққиқони ҷавон таъсири манфӣ расонида истодаанд. Аз ҷумла, ивазшавии наслҳо, ба буҳрон дучор шудани мактабҳои илмӣ, коҳиш ёфтани самаранокии фаъолияти роҳбарони илмӣ, мавҷуд набудани дастури методӣ, мавриди истифода қарор гирифтани шохисҳои иқтибосоварӣ ва зеҳни сунъӣ ба омилҳои мазкур мисол шуда метавонанд. Масъалаи иқтибосоварӣ аз ҷониби олимони хориҷӣ пайваста мавриди омӯзиш қарор мегирад. Аммо дар бораи тафовути иқтибос ва истинод , бахусус оид ба истифодаи онҳо дар мавридҳои мушаххас корҳои илмии мукаммал то ҳанӯз вуҷуд надоранд. Аз ин рӯ, ба даст овардани эътиборнокии мувофиқ ва эътироф намудани мавридҳои гуногуни корбурди иқтибос ва истинод дар илмҳои иҷтимоӣ мақсади ин пажуҳишро ташкил медиҳад. Дар раванди таҳқиқи ин масъала корҳои илмие, ки дар он таснифоти иқтибосоварӣ , моҳият ва хусусиятҳои иқтибос ва тарзи истифодаи адабиёти илмӣ баррасӣ шудаанд, мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин, муаллифон бо такя ба таҷриба ва мушоҳидаҳои шахсии худ баъзе андешаҳои тавсиявиро пешниҳод намудаанд. Омӯзиши масъалаи номбаргардида нишон дод, ки иқтибос ва истинод дар низоми илмҳои иҷтимоӣ мақоми методологӣ дошта, на танҳо унсури ҳатмии дастгоҳи илмии таҳқиқот мебошанд, балки мавридҳои истифодабарии худро доранд. Онҳо барои амалӣ намудани мақсад ва вазифаҳои гуногун дар қисмҳои мушаххаси матн истифода бурда мешаванд. Мақолаи мазкур ва натиҷаҳои дар он таҳияшуда барои баланд бардоштани фарҳанги иқтибосоварии олимону муҳаққиқони ҷавон аҳамияти зиёди методологӣ дорад.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 11, № 3 (соц.-гум.)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан