Central AsianResearch Index

МАҚОМИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Дар мақолаи мазкур оид ба таърихи пайдоиш, ташаккул ва такомули ҷашни Наврӯз ва оинҳои он ибрози назар сурат гирифта, дар ин радиф ҷойгоҳи он дар тақкими худшиносии миллии тоҷикон муайян карда шудааст. Муаллифон пайдоиш ва таҳаввули ҷашнро бо такя ба сарчашмаҳо муфассал таҳқиқ намуда, ҳамзамон заминаҳои нуҷумӣ ва динии онро таҳлил мекунанд. Таваҷҷуҳи махсус ба ҳифзи расму оинҳои аслии Наврӯз, аз қабили гулгардонӣ, суманакпазӣ, чоршанбесурӣ, дар фарҳанги тоҷикон дода шудааст. Ба таъйиди муаллифон, анъана, оин ва баргузории ҷашни Наврӯз моли мардуми эронитабор (тоҷикон) буда, на танҳо онро оғози соли нав, балки ҳамчун рамзи хуррамию сарсабзии зиндагии инсон, ваҳдат, ягонагӣ ва худшиносӣ метавон шумурд. Дар мақола ба таҳлили нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва ҷаҳонигардонии Наврӯз дар даврони истиқлоли давлатӣ мавқеи назаррас дода шудааст. Муаллифон бар ин андешаанд, ки ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз ин эътирофи тамаддунофаринӣ ва фарҳанги асил доштани тоҷикон аст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни