МАҚОМ ВА ҶОЙГОҲИ ШАҲРВАНД ДАР РАВАНДИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАЁТИ СИЁСӢ
Масъалаи ҷойгоҳ ва нақши шаҳрвандон вобаста ба шароити низоми сиёсии демократӣ , ки халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият пазируфта мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар шароити муосир вобаста ба рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқи баробари иштирок дар ҳаёти сиёсиро соҳиб мебошанд, таҳқиқи масъалаи мақоми шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва дар пешрафти давлат аҳамияти илмӣ-амалӣ дорад. Зикр шудааст, ки дар муқоиса нисбат ба низомҳои сиёсии дигар шаҳрвандон дар ҷомеаи демократӣ соҳиби ҳуқуқи сиёсӣ буда, рушди давлат аз дараҷаи фаъолнокӣ ва масъулиятшиносии онҳо вобастагии зиёд дорад. Таъкид гардидааст, ки маърифатнокии сиёсии шаҳрвандон дар шароити низоми сиёсии демократӣ , рушди инернет ва ҷангҳои иттилоотӣ нисбат ба ҳар давраи дигар аҳамияти махсус дорад. Баробари иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва давлат, инчунин, огоҳона қарор қабул намудани онҳо ва наафтодан ба фиреби сиёсии ҳар гуна созмону ташкилотҳо ба ҳифзи суботу сиёсии ҷомеа таъсири назаррас дорад. Хулоса шудааст, ки чигунагии сатҳи иштирок шаҳрвандон дар пешрафти давлат на танҳо аз сатҳи дониши онҳо, инчунин аз он, ки то куҷо низоми сиёсӣ, режими сиёсӣ ба фаъолнокии мардум дар дигаргунсозӣ ва рушди ҷомеа манфиатдор аст, вобаста мебошад. Давлат метавонад бо қабул ва амалӣ намудани барномаву стратегияҳо сатҳи дониши сиёсӣ ва фаъолнокии шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсӣ баланд бардошта, неруи созандаи онҳоро барои рушди ҷомеа самаранок истифода намояд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 4 (93)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП