МАҲФИЛҲОИ АДАБӢ ВА НАҚДИ ШЕЪР
Нақши маҳфилҳо дар равнақи адабиёт ва ривоҷи афкори адабии тоҷикӣ баррасӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки ба вусъати шеър дар маҳфилҳои адабии охири асри Х1Х – ибтидои асри ХХ, хоса дар фаъолияти маҳфили адабии Шарифҷон-махдуми Садри Зиё нақди адабии замон низ таъсиргузор будааст. Барои исботи андешаҳо аз манбаъҳои адабӣ намунаҳои табъозмоӣ , мушоира , ҷавобиянависӣ , тазминбандӣ ва мусобиқаи адабии шоирон омадаанд. Дар маҳфилҳои адабӣ чун “мактаби адабиёти давр” ба омӯзиши илми шеър диққат дода шуда ва яке аз ҳадафҳои онҳо ҷустани меъёрҳои бадеият аз шеъри классикон мебошад. Нақди шеър дар маҳфилҳо аз рӯйи завқу салиқа ва меъёри санҷишгарӣ сурат гирифта, ҳусну қубҳи шеър доварӣ шудаанд. Хулоса шудааст, ки баҳрамандӣ аз таърихи маҳфилҳо, оину русум ва таълимоти аъзои он ба ҳамзамонони мо муҳимму муфид мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · Т. 96, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП