МАҶБУРСОЗИИ МАЪМУРӢ ҲАМЧУН УСУЛИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
Асосҳои танзими ҳуқуқӣ ва амалияи татбиқи чораҳои маҷбурсозии маъмурӣ ҳамчун яке аз усулҳои амалигардонии идоракунии давлатӣ ба риштаи таҳлил кашида шуда, мазмун, хусусият ва функсияҳои он баррасӣ шудааст. Бо дарназардошти андешаҳои олимони соҳа, таҳлили қонунгузории маъмурии ватанӣ ва хориҷӣ, хусусиятҳои асосии маҷбурсозии маъмурӣ ва роҳҳои такмили қонунгузории соҳаи мазкур пешниҳод шудааст. Зикр гардидааст, ки олимон вобаста ба объекти таъсиррасонӣ маҷбурсозиро ба намудҳои равонӣ, моддӣ, ташкилӣ ва ҷисмонӣ ҷудо мекунанд. Ҳамчунин маҷбурсозии қонунӣ ва ғайриқонуниро низ фарқ менамоянд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 103, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП