ЛОИҚ ДАР ШИНОХТИ СОРБОН
Дар мақолаи мазкур асари ёддоштии Сорбон «Лоиқнома», ки дар бораи дӯсти равоншодаш Лоиқ Шералӣ, зиндагӣ, рӯзгори шоир , пайвандон ва ҳамзамонони ӯ навишта шудааст, баррасӣ гардидааст. Муносибати нек ва дӯстонаи ин ду эҷодкор ҳанӯз аз даврони навҷавонӣ, таҳсил дар омӯзишгоҳи шаҳри Панҷакент оғоз шуда, то охири умр идома ёфта, боз ба пайванди хонаводагӣ ва хешу таборӣ мубаддал гардида, мустаҳкам ва қавитар мешавад. Ин дӯстӣ ва рафоқат дар зиндагии пур аз шебу фарози ҳар ду мисли об дар биёбони обнадидаи тафсон басо сарнавиштсоз гардид. Лоиқ ба ибораи дигар Сорбонро “балогардон” меномад, ки ин ҳарф ишора ба садоқати бепоёни дӯсташ мебошад. Аз китоби «Лоиқнома» доир ба айёми кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонии шоири зиндаёд, доир ба муносибати неку дилсӯзонаи Нависанда дар асари мазкур тавонистааст, характер ва паҳлуҳои гуногуни шоири зиндаёд Лоиқро ҷилвагар намуда, симои барҷастаи ӯро ба хонандагон ҷилвагар созад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4 (117)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни