ЛОИҲАҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ БАЛАНДБАРДОРИИ РАҚОБАТПАЗИРИИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ
Мақолаи мазкур ба робитаи байни ташаккулу татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таъсири инноватсия дар баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳо бахшида шудааст. Дар асоси таҳлили равишҳои назариявӣ ва методологии муайян кардани мафҳум ва моҳияти « лоиҳаи инноватсионӣ » ва ҷанбаҳои амалии татбиқ, бахшҳо ва марҳилаҳои асосии татбиқи лоиҳаи инноватсионӣ муайян карда шудааст. Роҳҳои асосии ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳо оварда шудааст. Ҳамзамон муаммоҳои асосӣ ва дурнамои эҳтимолии баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳо тавассути ҷорӣ намудани инноватсияҳо нишон дода шудаанд. Омилҳо ва унсурҳое, ки ба баланд бардоштани рақобатпазирии корхона мусоидат мекунанд, муайян гардидааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 4.1 (38)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет