Central AsianResearch Index

КОВИШҲОИ БОСТОНШИНОСИ ВА БОЗЁФТИ СИККАҲОИ КУШОНИ ДАР ШАҲРКАДАИ ҒАРАВқАЛЪА

Дар бораи ҳафриёти бостоншиносии кормандони МД ОМТ дар соли 2014 дар ёдгории Ғаравқалъа ва бозёфти сиккаҳо дар ин ёдгорӣ маълумот дода шудааст. Шарҳу тавсифи сиккаҳое , ки дар рафти экспедитсия аз ёдгории Ғаравқалъа бозёфт шудаанд, пешниҳод гардидааст. Сиккаҳо аз рӯи солшуморӣ тақсимбандӣ шуда, тавсифи руй ва пушти онҳо пурра оварда шудааст. Инчунин перомуни аввалин ҳафриёт дар ёдгории мазкур сухан рафтааст. Дар бораи ташкили экспедитсия ва саҳми Осорхонаи миллӣ дар мавриди ҷамъоварӣ, муаррифӣ, ҳифзи осорҳои бостонӣ маълумот оварда, тавсифи мухталифи ёдгории Ғаравқалъа пешниҳод шудааст. Зикр гардидааст, ки тартиб додани ҷадвали сиккаҳо ва муқоисаи онҳо бо дигар сиккаҳо яке аз корҳои асосӣ ба шумор меравад. Дар мавриди эзадони динҳои гуногун, ки дар замони давлатдории Кушониён арзи вуҷуд доштанд, маълумот пешниҳод шудааст. Дар охир хулосаҳо дар мавриди тиҷорат ва муомилоти пулӣ дар шаҳраки Ғаравқалъа ироа гардидаанд.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 3 (88)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП