Historian, 2023, № 3 (35)
КОРЕЗҲОИ ХУРОСОН
Аннотация · Abstract
Муаллиф дар ин макола рочеъ ба корезҳои Хуросон , ки таърихи хеле қадим доранд ва бахши муҳими тамаддуни кишоварзии сокинони он мебошанд, сухан меронад. Башар аз замоне ки хештанро шинохт, усули мухталифи истифода аз обҳои зеризаминиро таҷриба кард ва тавассути яке аз онҳо – корезҳо ин обҳо ба таври маснӯи ба сатҳи замин бароварда мешуданд. Дар асоси манобеи таърихӣ муаллиф усули пайдо намудани обҳои зеризаминиро, ки башар таҷруба карда буд ва аз зери замин ба сатҳи он кашидани обро тавассути корезҳо тавсиф карда, Хуросонро яке аз сарзаминҳое медонад, ки корез ва усули кандани он аз аҳди бостон барои сокинони он ошно буд. Силсилакорезҳои шахри Гунободи Хуросон (шимолу ғарби Тус), ки бо номи Қаноти Қасаба маъруф аст, бар асоси пажуҳишҳои бостоншиносӣ ҳадди аққал 2500 сол таърих доранд. Бинобар ин, аз аҳди Ҳахоманишиҳо ба баъд дар Хуросон бо ин шакли истихроҷи обҳои зеризаминӣ бештар ошно шуданд ва дар ташаккули ин низоми обрасонӣ талошҳо намуданд. Бо афзоиши манотиқи хушк фан ва фанноварии сохтани корезҳо равнақи бештар ёфт ва ҷойгоҳи хосе дар фарҳанги корезии Хуросон касб намуд. Корезҳо бар хилофи саддҳо ва шабакаҳои бузурги обёрӣ танҳо ба василаи ашхоси алоҳида ва моликони маҳаллӣ сохта ва баҳрабардорӣ мешуд ва давлат дар умури тақсими оби корезҳо дахолат намекард. Нигаҳдории корезҳо барои коршоям будани онҳо бисёр муҳим буд ва ин амр ба василаи вақф кардан бештар анҷом мешуд. Аммо бисёр иттифоқ афтодааст, ки дар асари бетаваҷҷуҳӣ ва ё ҷангҳо корезҳо аз фаъолият боз мемонданд ва имрӯз осори онҳо дар харобаҳои ин ва он мавзеи Хуросон дида мешаванд.
Сведения · Details
- Журнал · Journal Historian
- Язык · Language узбекский
- Цитирования (Crossref) · Citations 0