Central AsianResearch Index

КОРБУРДИ САНЪАТҲОИ БАДЕӢ ВА САБКИ ЭҶОДИИ РАВШАНИ ҲАМРОҲ

Санъатҳои бадеӣ дар образнокии сухан ва муассиру дилпазир шудани шеър нақши бориз доранд. Корбурди сабк ва саъатҳои бадеӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим дар ашори шуаро роҳандозӣ мешуд. Равшани Ҳамроҳ чун шоири касбӣ ва дорои таҷрибаҳои ғанӣ дар истифодаи санъатҳои маънавию лафзӣ саъйу кӯшиш ба харҷ дода, дар ин ҷода талошҳояш бар абас нарафтаанд. Ғановатмандии ашъори ӯ, бешубҳа, дар корбурди моҳиронаву огоҳонаи ин воситаҳои тавири бадеӣ тазоҳур меёбад. Дар мақолаи мавриди назар сухан дар бораи корбурди санъатҳои бадеӣ дар шеъри Равшани Ҳамроҳ меравад. Шоир аз сабк ва санъатҳои бадеии зиёде , амсоли ташбеҳ , истиора , талмеҳ , таҷнис , киноя , маҷоз , тавсиф ва ғайра самаранок истифода бурда, шеъри худро пурбору муассир кардааст. Равшани Ҳамроҳ зимнан аз воҳидҳои фразеологӣ, мақолу ҳикматҳои мардумӣ низ мақсаднок истифода бурдааст. Дар ин росто таҷрибаҳои эҷодии классикон, аз он ҷумла, Мирзо Абдулқодири Бедилро сармашқи кори худ қарор дода, ба тозагии шеъри худ роҳ кушодааст. Минҷумла, ҳисомезиҳои шоир аз ҳасаноти шеъри ӯ маҳсуб меёбад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 1 (114)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни