Central AsianResearch Index

КОРБУРДИ САНЪАТҲОИ БАДЕӢ ДАР ОДОБИ МУҲОВАРАТИ ТОҶИКӢ

Зикр гардидааст, ки ҳарчанд корбурди санъатҳои бадеӣ дар дар осори назмиву насрии мо собиқаи дерини таърихӣ дорад, вале мавқеи корбурд ва ҷойгоҳи онҳо дар одоби муҳоварати тоҷикӣ то ҳол мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор нагирифтааст. Таъкид шудааст, ки одоби муҳоварати тоҷикӣ дар пояи ду сутун: таъсиргузорӣ ва зебоии сухани ирошаванда устувор аст. Барои зебоии сухан ва таъсиргузории онро таъмин кардан, мувофиқи нишондоди бузургони забону адаби форсии тоҷикӣ истифодаи санъатҳои бадеӣ муҳимманд. Нақши санъатҳои бадеӣ , аз ҷумла истиора , муболиға , тасғир, маҷоз дар асоси мисолҳо аз адибони тоҷик дар таъмини зебоӣ ва таъсирбахшии сухан собит карда шудааст. Ҳангоми баррасии корбурди санъатҳои бадеӣ муҳаққиқ кӯшидааст, ки бо дарназардошти назари муҳақиқон, вижагиҳои корбурди санъатҳои бадеиро дар одоби муҳоварати тоҷикӣ ошкор намояд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 107, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП