КОРБУРДИ ПАСВАНДИ -АНДА ДАР «ТАРҶУМАИ ТАФСИРИ ТАБАРӢ»
Ба баррасии забонии осори давраҳои гуногунамон донишмандони зиёде даст зада бошанд ҳам, таҳқиқи ин осор аз масъалаҳои мубрами илмӣ боқӣ мемонад. Яке аз намунаҳои дурахшони осор насри ин давраи классикиамон «Тарҷумаи тафсири Табарӣ» мебошад, ки ҳамчун нахустин тарҷума ва тафсири расмии Қуръони карим эътироф гаштааст. Ин асар ганҷинае саршор аз вожагони ноби форсии тоҷикӣ буда, арзишмандии он ба вожагузинии он аст. Ин аст, ки таҳқиқи хусусиятҳои вожасозии он аз масоили муҳимми илмӣ ба шумор меравад. Дар байни роҳҳои гуногуни калимасозии дар ин асар истифодашуда, тавассути пасвандҳо сохтани калимаҳо ҷойгоҳи хос дорад. Яке аз пасвандҳои калимасоз дар ин асар –анда ба шумор меравад. Дар мақола қолибҳои калимасозии ин пасванд мавриди баррасии илмӣ қарор гирифтанд, ки муҳимтарини онҳо феъл+пасванди -анда, ҳиссаҳои номии нутқ + асоси замони ҳозираи феъл + пасванди -анда, исм+сифати феълӣ бо -анда, зарф+сифати феълӣ бо -анда, исм+пасванди –анда, асоси замони ҳозираи феъл+пасванди -анда+исм. Ҳамчунин, мисолҳои муносиб дар ҷумлаҳо гувоҳи истифодаи калимаҳо бо пасванди -анда дар асари мазкур мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 5 (118)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни