Central AsianResearch Index

КОНСЕПСИЯИ ЖУРНАЛИСТИКА БА ХОТИРИ БЕҲБУДИ УМУМ

Мақолаи мазкур ба таҳлили консепсияи журналистика ба хотири беҳбуди умум ҳамчун самти муосири рушди фаъолияти воситаҳои ахбори омма бахшида шудааст. Дар он нақши журналистика ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, таҳкими арзишҳои демократӣ ва мусоидат ба расидан ба ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ мегардад. Бо такя ба мавқеи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО, мақола нишон медиҳад, ки журналистика метавонад ҳамчун абзори таъсирбахши ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ хизмат намояд. Дар таҳлил инчунин омилҳои асосии консепсия, аз қабили пешниҳоди иттилооти боэътимод , ташкили муколамаи ҷамъиятӣ, таҳкими эътимод байни ҷомеа ва ниҳодҳо, инчунин риояи меъёрҳои этикаи касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, таъсири технологияҳои рақамӣ ва интернет ба тағйирёбии модели фаъолияти ВАО, мушкилоти марбут ба паҳншавии иттилооти носаҳеҳ, тарғибот ва коҳиши эътимод ба расонаҳо таҳлил карда мешаванд. Хулоса карда мешавад, ки татбиқи самараноки консепсияи журналистика ба хотири беҳбуди умум танҳо дар шароити риояи стандартҳои касбӣ, таҳкими истиқлолияти ВАО ва ҳамкории созанда байни давлат, ҷомеа ва расонаҳо имконпазир мебошад.

Сведения

Опубликовано
2026 · № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан