Central AsianResearch Index

КОНСЕПСИЯИ СОТСИАЛИСТӢ ВА АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОНИ ШӮРАВӢ

Давраи шӯравии амалигардонии ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон, идеологияи коммунистӣ, консепсияи сотсиалистии ҳуқуқи инсон , ки ба баробарии иҷтимоӣ, коллективизм , афзалияти ӯҳдадориҳо ба арзишҳои фарҳангии таърихан ташаккулёфтаи халқи тоҷик асос ёфта буд, баррасӣ шудааст. Таъкид гардидааст, ки солҳои 20-30-уми асри ХХ ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хусусияти конститусионӣ пайдо кардааст, ки дар конститутсияҳои ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон инъикос ёфтааст. Ғайр аз ин консепсияи сотсиалистии ҳуқуқи инсон асоси конститутсияҳои Тоҷикистони шӯравиро дар солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 ташкил кардааст. Ба ин муносибат, бешубҳа, консепсияи шӯравии сотсиалистии ҳуқуқи инсон дар фазои пасошӯравӣ, ки ноҳақ ба боди фаромӯшӣ супурда шудааст, ҷолиби диққат мебошад. Аз як тараф, асоснок карда мешавад, ки принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи шӯравӣ барои дигар давлатҳои ҷаҳон дар ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон намуна буданд ва ба мазмуни Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инсон (1966) таъсир расониданд, аз тарафи дигар, робитаи мутақобилаи арзишҳо ва муқаррароти идеологии ҳуқуқи шӯравӣ бо арзишҳои анъанавии ҳуқуқии ҷомеаи тоҷик нишон дода шудааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 94, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП