Central AsianResearch Index

КОНСЕПСИЯҲОИ РУШДИ НАЗАРИЯИ СОҲИБКОРӢ: ТАҲЛИЛИ РЕТРОСПЕКТИВӢ

Дар мақола таҳлили ретроспективии рушди назарияи соҳибкорӣ таҳқиқ шудааст. Бо назардошти марҳилаҳои асосии рушди назарияи соҳибкорӣ ҳар марҳила дар алоҳидагӣ таҳлил карда шуда, умумият ва фарқияти онҳо нишон дода шудааст. Таъкид шудааст, ки назарияи атиқӣ ва асримиёнагии рушди соҳибкорӣ ба баррасии таваккали соҳибкорӣ ва фаъолияти озод будани он такя мекунад. Назарияи инноватсионии соҳибкорӣ , ки ба пайдоиши дигар назарияҳо сабаб гардид, дар рушди назарияи соҳибкорӣ аҳамияти заминавӣ дорад. Дар мақола, ҳамчунин, ба масъалаҳои ташаккули соҳибкории технологӣ ва назарияҳои муосири соҳибкорӣ , ки ба маркетинг алоқамандии бештар доранд, дида баромада шудааст. Зимнан даврабандии рушди назарияи соҳибкорӣ бо таҳлили ақоиди баъзе аз олимони ватанӣ анҷом ёфта, аз рӯйи тадқиқоти анҷомшуда хулосаҳои асосӣ пешниҳод шудаанд. Исбот шудааст, ки дар таҳқиқоти олимони ватанӣ соҳибкорӣ ҳамчун омили гузариш ба низоми хоҷагидории бозорӣ, рафъи камбизоатӣ , ташкили ҷойҳои корӣ ва рушди инноватсионии бахшҳои гуногуни фаъолият мебошад.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4 (28)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет