Central AsianResearch Index

КОНСЕПСИЯҲОИ МУОСИРИ ПЕДАГОГӢ ОИДИ МОҲИЯТИ ШАВҚИ МАЪРИФАТНОКШАВИИ МАКТАББАЧАГОН

Дар мақола масъалаҳои моҳияти шавқи маърифатнокшавии мактаббачагон дар консепсияҳои муосири педагогӣ баррасӣ гардидаанд. Қайд шудааст, ки шавқи маърифатнокшавӣ ҷанбаи муҳими ҳориқаи умумии шавқ ба ҳисоб меравад. Предмети он худи хусусияти муайяни инсон: шинохти муҳити зист, на танҳо бо мақсади фаҳмиши биологию иҷтимоӣ, ҳамзамон, дар кӯшиши воридшавӣ ба бисёрнамудии он, дар зеҳн инъикос сохтани самтҳои моҳияти он, робитаҳои сабабӣ-пайомадии он, қонуннокӣ ва ихтилофот мебошад. Хулоса шудааст, ки шавқҳои талабагон мутобиқи мантиқи тадқиқот, бояд, ки барои ҳар хонанда ботинӣ бошад. Аз ин лиҳоз, кӯшиш ба рушди шавқи устувори маърифатнокшавии мактаббача дар фаъолияти таълимӣ-зарурати воқеӣ аст.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4 (77)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова