КАТЕГОРИЯБАНДИИ ҶИНОЯТҲО ҲАМЧУН ВОСИТАИ ФАРҚГУЗОРИИ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ
Мақолаи мазкур ба таҳлили ҳамаҷонибаи институти категориябандии ҷиноятҳо ҳамчун василаи асосии фарқгузории ҷавобгарии ҷиноятӣ ва таъини ҷазо дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар маркази таҳқиқот масъалаи нақши категорияҳои ҷиноятҳо дар таъмини адолати судӣ ва татбиқи принсипи инфиродонии ҷавобгарӣ қарор дорад. Муаллиф қайд мекунад, ки категориябандӣ имкон медиҳад, ки байни намудҳои гуногуни ҷиноятҳо вобаста ба дараҷаи хавфи ҷамъиятӣ, сабаби содиршавӣ ва оқибатҳои онҳо тафовути возеҳ гузошта шавад. Дар мақола заминаҳои назариявии таснифи ҷиноятҳо бо истинод ба доктринаҳои олимони маъруф, аз қабили М.М. Дайшутов, Н.Г. Кадников, Н.Ф. Кузнесова ва дигарон баррасӣ шудаанд. Муаллиф нишон медиҳад, ки таснифи ҷиноятҳо на танҳо аҳамияти назариявӣ, балки аҳамияти калони амалӣ низ дорад, ки он дар се самти асосӣ зоҳир мегардад: назариявӣ (низомбахшии илм), криминализатсия ва бандубаст, ва фарқгузории ҷавобгарии ҷиноятӣ. Яке аз ҷанбаҳои муҳими мақола ошкор намудани камбудиҳои сохтории Кодекси ҷиноятии амалкунанда мебошад. Таҳлил нишон медиҳад, ки санксияҳои пешбинишуда дар Қисми махсуси КҶ на ҳамеша бо дараҷаи воқеии хавфнокии ҷамъиятии ҷиноятҳо мувофиқат мекунанд. Махсусан ба масъалаи шакли гуноҳ (қасд ва беэҳтиётӣ) таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст. Муаллиф асоснок мекунад, ки категориябандӣ набояд танҳо ба андозаи санксия такя кунад, балки бояд мазмуни дохилии кирдор, аз ҷумла хусусияти зӯроварӣ ва вазнинии оқибатҳоро ба назар гирад. Дар мақола моделҳои мухталифи категориябандӣ (аз низомҳои сезинагӣ то панҷзинагӣ) мавриди муҳокима қарор гирифтаанд. Муаллиф ақидаи ҷонибдорони ҷорӣ намудани мафҳуми «рафтори ҷиноятӣ»-ро (ба мисли Н.Ф. Кузнесова ва Т.В. Сатурян) дастгирӣ намуда, таъкид месозад, ки ин иқдом барои инсондустона гардонидани ҳуқуқи ҷиноятӣ ва коҳиш додани сарбории мақомоти судӣ мусоидат мекунад. Хулоса карда мешавад, ки такмили институти категориябандӣ унсури муҳими рушди қонунгузории ҷиноятӣ ва таъмини адолати воқеӣ дар ҷомеа мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 10, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан