Central AsianResearch Index

КАРАМАТУЛЛОҲИ МИРЗО - НАВИСАНДАИ БАЧАҲО

Дар мақола насри бачагонаи тоҷики замони Истиқлол ва саҳми яке аз адибоне, ки дар таҳаввули насри бачагонаи тоҷики ин давраи таърихӣ саҳми муҳим дорад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Караматуллоҳи Мирзо тақиқу баррасӣ гардидааст. Муаллиф дар мақолаи хеш қайд намудааст, ки Караматуллоҳи Мирзо тавассути осори ҳам барои калонсолон ва ҳам барои кӯдакону наврасон эҷод намудааш дар дилу дидаи онҳо ҷой гирифтааст. Истиқлоли давлатӣ барои такмил ва пешрафти фаъолияти эҷодии нависандаи муваффақи мо - Караматуллоҳи Мирзо имконияти мусоид фароҳам овардааст. Осори зиёди нависанда, аз ҷумла ҳикояҳои барои кӯдакону наврасон эҷоднамудаи ӯ дар ин давраи пуршукӯҳ рӯйи чоп омада, дастраси ҳамагон гардидааст. Ба ин гуфтаҳо осори арзишманди адиб, ба монанди: «Гӯшвора», Қаҳрамон», «Маоши аввал», «Набераи шаҳрӣ», «Одами нағз», «Пири бераҳм», «Хонаи бобо» ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд, ки яке аз дӯстдоштатарин асарҳои кӯдакону наврасони тоҷиканд. Ҳамчунин, дар мақола роҷеъ ба фаъолияти эҷодӣ, вижагиҳои ғоявию мавзуӣ, забонию услубӣ, хосса ҳунари нигорандагии адиб дар эҷоди осори бачагона сухан меравад. Дар маҷмуъ, аз таҳқиқоти муаллиф маълум мегардад, ки Караматуллоҳи Мирзо яке аз нависандагони боистеъдоди тоҷик ба ҳисоб рафта, дар таҳаввули насри бачагонаи тоҷики замони Истиқлол саҳми муҳим гузоштааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан