Central AsianResearch Index

КАЛИМАСОЗИИ СИФАТ БО ПЕШВАНДҲО ДАР “МАСНАВИИ МАЪНАВӢ”-И ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Муаллиф дар мақола оид ба имкониятҳои калимасозии пешвандҳо дар сохтани сифатҳои аслӣ дар асоси маводи “Маснавии маънавӣ” изҳори назар намудааст. Дар сохтани сифатҳои аслӣ маҳсулнокии пешвандҳои бе-, бо-, нозиёдтар буда, пешванди баркаммаҳсул мебошад. Масалан, тавассути пешванди бе130 калима, пешванди бо20 калима ва пешванди но35 вожаи сифатӣ сохта шудааст. Ҳодисаи муносибати ҳаммаъноӣ, наздикмаъноӣ ва муқобилмаъноӣ касб намудани ин унсурҳои калимасоз бо овардани мисолҳои фаровон собит гардидааст. Бо мақсади таъсирбахшу ҷаззоб баромадани фикр Мавлавӣ аз шаклҳои ҷуфти синонимӣ, антонимӣ ва ҷуфтҳои рехта (таркибҳои фразеологӣ) истифода бурдааст. Чунин рангорангии тарзи баён ва корбурди сифатҳои сохта бо пешвандҳо аз маҳорати забондонии шоир дарак медиҳад. Падидаи бо хости муаллиф барои ифодаи маънии зарурӣ ё мақсадҳои услубӣ ба кор рафтани пешвандҳо низ мушоҳида карда мешавад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3 (116)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни