Central AsianResearch Index

КАЛИМАСОЗИИ ИСМҲОИ МУРАККАБИ ИФОДАКУНАНДАИ МАФҲУМИ МАКОН ДАР АШЪОРИ ИМЛОИ БУХОРОӢ

Дар мақола калимасозии исм дар қолаби калимаҳои мураккаб дар забони адабӣ ва забони ашъори Имлои Бухороӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Муайян шудааст, ки шоир аз асоси "хона" зиёда аз 27 калимаи мураккаб ба монанди майхона , оташхона, бутхона, ғамхона ва ғайра сохтааст. Ин калимаҳо бештар маънои маҷозӣ доранд ва дар заминаи тасаввуф истифода мешаванд. Калимаи " майхона ", масалан, на танҳо маъвои майнӯшӣ, балки рамзи ботини орифи комил ва ҷаҳони руҳонӣ мебошад. Бо чунин калимаҳо шоир мафҳумҳои ирфониро ифода мекунад ва ба тасвири маҷозии ишқу ҷунуну ҳақиқат ҷон мебахшад. Мақола инчунин параллелҳоро бо ашъори Ҳофиз ва Ҷомӣ нишон медиҳад, ки фаҳми амиқи маънои фалсафию ирфонии ин вожаҳо ва нақши онҳо дар тасвирҳои бадеиро амиқтар менамояд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2 (115)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни