Central AsianResearch Index

КАЛИМАСОЗӢ ВА ВОСИТАҲОИ САРФИИ ТАШАККУЛИ ТОПОНИМҲОИ ШАҲРИ НОРАК ВА АТРОФИ ОН

Мақола ба таҳлили вижагиҳои сохторию калимасозии номҳои ҷуғрофии шаҳри Норак ва атрофи он бахшида шудааст. Муаллиф таъйид мекунад, ки аз ҷиҳати сохту таркиб ва вижагиҳои калимасозӣ маводи топонимии минтақаи Норак ба навъҳо ва қолибҳои мухталиф ҷудо мешаванд. Аз ҷиҳати пайдоиш ва баромади забонӣ топонимияи минтақабамаводи аслан тоҷикӣ (иронӣ), туркӣ-ӯзбакӣ, русӣ, субстрат ва гурӯҳи топонимҳои баромадашон номаълум гурӯҳбандӣ мешаванд. Мулоҳизаҳои худро ҷамъбаст намуда, муаллиф меафзояд, ки навъи махсуси топоним-ибораҳо дар гуфтори маҳаллӣ баъзан ба таври калимаҳои мураккаб талаффуз ва навишта ҳам мешавад. Баробар ба шакли «Сари Чашма» шаклҳои «Сарчашма» ва «Саричашма» низ вомехӯрад. Дар топонимии дуюм зада ба ҷузъи аввал ҳамчун муайянкунандаи «чашма» омадааст. Чунин намунаҳо зиёд ба мушоҳида мерасанд. Умуман шумораи топоним-ибораҳое, ки дар шакли топонимҳои мураккаб низ дучор шуда, бештар дар таркибашон калимаи «сар» доранд, хеле зиёд аст.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 2 (103)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни