ИСТИЛОҲОТИ ХЕШУТАБОРӢ ДАР ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА ФАРОНСАВӢ
Дар мақолаи мазкур масъалаи баррасии истилоҳоти хешутабории ҳамхун ва никоҳӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва фаронсавӣ бо мақсади муайян кардани хусусиятҳои хоси рушди этнофарҳангӣ, муносибатҳои оилавӣ ва никоҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Инсон аз кӯдакӣ аввалин маълумоти заруриро дар оила меомӯзад ва аввалин истилоҳҳои хешутаборӣ аз ҷумла “бобо, бибӣ, падар, модар, бародар, додар, апаву хоҳар”-ро истифода мекунад. Бо гузашти вақт кӯдак бо дигар аъзои оила шинос шуда, кӯшиш мекунад, ки дигар истилоҳҳои хешутабориро ба монанди “амак, амма, тағо, хола”-ро истифода кунад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 3 (104)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни