ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ
Муаллифи мақола ба сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф барои расидан ба мақсадҳои олии сатҳи тараққиёти ҷаҳонии таҳсилот диққати махсус дода, ба ин васила ба рушди босуръати неруи ақлию зеҳнии ҷамъият равона карда шудааст.Муаллиф қайд мекунад,ки истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар ҷараёни таълиму тарбия заминаи воқеии инкишоф ва истифодаи имкониятҳои ҳар як хонандаро фароҳам меоранд. Амалияи истифодаи технологияи коммуникатсионӣ мусоидат менамояд, ки хонандаи навовар новобаста аз синну сол, мавқеъ, вазъи иҷтимоӣ, макони таҳсилу зист мавриди эҳтиром қарор гирад ва барои дарки арзишу мақоми худ шароит ва имконият пайдо намояд. Чуноне,ки муаллифи мақола шарҳ медиҳад - рақамикунонии таълим ин истифодаи барномаҳо ва дигар воситаҳои рақамии таълим дар мактабҳо, донишгоҳҳо, курсҳои фосилавӣ мебошад. Масалан, вақте ки донишҷӯён супоришҳоро на дар дафтар, аммо тавассути платформа дар интернет иҷро мекунанд. Технологияи рақамӣ ба ташкили таълим низ дахл дорад...
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан