ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ИҚТИДОРИ ИҚТИСОДӢ ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ САНОАТИ МИНТАҚА
Ҳаҷм ва сифати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳаҷми сармоягузориҳо ба фондҳои асосӣ ва омилҳои таъсиррасон ба муҳити дохила ва берунаи корхонаҳои саноатӣ баррасӣ гардидааст. Таҳлили захираҳо ва дараҷаи тараққиёти иқтидорҳои корхонаҳои саноатӣ сурат гирифтааст. Тағйирёбии ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ ва нишондиҳандаҳои он ба ҳар сари аҳолӣ оварда шудааст. Барои арзёбии рушди ҳар як соҳаи иқтисодиёти минтақа, аз ҷумла саноат омилҳои гуногун, аз қабили истеҳсолӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳлил карда шудааст. Инкишофи корхонаҳои саноатии мавҷуда метавонад ба сифати “муҳаррик” тамоми ҷумҳуриро аз буҳрони тӯлонӣ раҳо дода, рушди иқтисодии устуворро таъмин намояд.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · Т. 97, № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП