ИСТИФОДАИ НАҚШАИ ҲИСОБҲОИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ МУВОФИҚИ СБҲМ ДАР ШИРКАТҲОИ СОХТМОНӢ
Муаллифон дар мақола муҳим ва зарурї будани низоми ҳисобҳои муҳосибиро дар ширкатҳои сохтмонӣ асоснок намудаанд. Ба ақидаи муаллифон, истифодаи нақшаи ҳисобҳо тибқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар субъектҳои хоҷагидорї ахбори молиявию хоҷагидориро фаҳмою мушаххас гардонида, нисбати эътирофи онҳо, баҳодиҳии он ба талаботи иқтисодиёти бозорӣ баланд мегардад. Бинобар ин, дар мақола муаллифон оид ба дуруст истифода намудани нақшаи ҳисобҳо андеша рондаанд. 242 Муҳаққиқон тартиби ба роҳ мондани ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибиро дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ асоснок намуда, оид ба истифодаи нақшаи ҳисобҳо дар корхонаю муассисаҳо тавсияҳои амалӣ додаанд. Аз маълумоти таҳлилкардашуда бармеояд, ки истифодаи нақшаи ҳисобҳои муосир нисбат ба ҳисобҳои пешина хубтар буда, муҳаққиқ истифодаи нақшаи нави ҳисобҳоро дар идоракунии онҳоро дар субъектҳои хоҷагидорӣ тавсия медиҳад. Аз нигоҳи муаллифон, хусусияти истифодаи нақшаи нави ҳисобҳо аз он иборат аст, ки мафҳуми бисёр амалиётҳои хоҷагие, ки дар шароити имрӯза дар фаъолияти корхонаҳои шакли моликияташон гуногун бармеояд, ба мафҳуми ҳисобҳо мувофиқ карда шудаанд. Муҳаққиқон истифодаи ҳисобҳои ба талаботи стандартҳо ҷавобгӯбударо ба ташкилоту муассисаҳои сохтмонӣ муҳим шуморидаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 3 (37)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет