Central AsianResearch Index

ИСТИФОДАИ КОРҲОИ ОЗМОИШИИ МАҶОЗӢ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ БОЗ

Дар мақола истифода ва имконоти технологияҳои нави иттилоотӣ, ки озмоишгоҳи маҷозӣ ном доранд ва муасисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна дар раванди таълим баррасӣ мешаванд. То имрӯз, бисёр озмоишгоҳҳои маҷозӣ аллакай аз бисёр фанҳо дар барномаҳои мактабӣ ва донишгоҳи маълуманд. Озмоишгоҳи маҷозӣ маҷмӯи барномаҳои компютерӣ мебошанд, ки равандҳои анҷом додани тадқиқоти таҷрибавии миқёси васеъро дар як мавзӯи муайян тақлид мекунанд. Озмоишгоҳи маҷозӣ ба шумо имкон медиҳанд, ки корҳои озмоишии маҷозиро дар муҳити компютерӣ дар мизи кории барномаи мувофиқ иҷро кунед. Дар баробари ин донишҷӯён ва хонандагон на бо асбобу анҷоми ченкунии воқеӣ, балки бо «тасвирҳои» онҳо дар экрани компютер машғул мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки корҳои озмоиширо хеле зудтар ва бо хароҷоти камтари иқтисодӣ иҷро гардад, онҳоро барои донишҷӯён шавқовар гардонад ва ҷузъи ҳавасмандии онҳоро нисбат ба шакли анъанавии таълим зиёд кунад. Аммо озмоишгоҳҳои маҷозӣ барои омӯзиши фосилавӣ аҳамияти махсус пайдо мекунанд.Хулоса мешавад, ки натиҷаҳои истифодаи озмоишгоҳҳои виртуалӣ дар раванди таълим бамаврид аст ва самараи зиёд медиҳад.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4 (77)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова