Central AsianResearch Index

ИСТИФОДАИ КАЛИМАҲОИ ИҚТИБОСИИ ПАШТУ ДАР ДОСТОНИ “ДАР КИШВАРЕ ДИГАР”

Муаллиф дар мақола истифодаи калимаҳои иқтибосии паштуро дар достони “Дар кишваре дигар” -и нависандаи муваффақи Афғонистон Спужмай Зарёб , мавриди баррасӣ қарор додааст. Сараввал оид ба ҷой доштани додугирифти вожагонӣ миёни забонҳои гуногун дар натиҷаи равобит ва ҳамзистии қавму миллатҳо андешаҳои худро пешниҳод намуда, қайд мекунад, ки забонҳои дарӣ ва пашту низ аз ин гуна муносибатҳои байниҳамдигарӣ баҳраманданд. Ин ду забон тули асрҳо бо ҳам дар робитаи наздик қарор доштаанд. Бинобар ин, дар бахшҳои мухталиф таъсири яке ба дигаре расидааст ва имрӯз низ ин раванд идома дорад. Таъкид мегардад, ки бо назардошти гузаштаи рангинтар ва захираи луғавии фаровонтар таъсири забони дарӣ ба забони пашту бештар эҳсос мешавад. Бо вуҷуди ин, то як андоза таъсири забони пашту ба бахши лексикаи забони дарӣ низ сурат гирифтааст ва аз забони пашту ба забони дарӣ баъзе калимаҳо ворид гардидаанд. Сипас муаллиф доир ба достони “Дар кишваре дигар”, мундариҷаи он, ҳамчунин, оид ба зиндагиномаи офарандаи асар маълумоти мухтасар дода, қайд намудааст, ки дар ин асар тақрибан 20 (бист) калимаи иқтибосии пашту истифода шудааст. Дар идома муаллиф бо овардани намунаҳо аз дохили асар калимаҳои иқтибосиро шарҳ медиҳад. Хусусиятҳои калимаҳои иқтибосии паштуро баён карда, ишора менамояд, ки қисми зиёди вожаҳои иқтибосии пашту қоидаҳои грамматикаи забони дариро риоя мекунанд, дар раванди калимасозӣ иштироки фаъол доранд, дар таркиби ибораҳо вомехӯранд ва ба маънои маҷозӣ низ ба кор бурда мешаванд. Муаллиф пажӯҳиши худро дар асоси сарчашмаҳои боэътимод ва андешаҳои забоншиносони ватанию хориҷӣ анҷом додааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3 (116)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни